БА НЕКОН БОШУ АНДАР НЕКУӢ КӮШ
2025-10-28 14:16:31
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, маъюбон, шахсони имкониятиашон маҳдуд тадбирҳои амалӣ андешида, аз ҷумла, дар сафарҳои кории роҳбарияти шаҳрдорӣ ба маҳалҳо онҳо аёдат карда, кӯмаки пулию молӣ расонида мешавад.
Сокини шаҳри Панҷакент Тоҷинисо Мустафоева шояд аз камшумор бонувоне ҳаст, ки бо вуҷуди маъюбияти модарзодӣ, нокороии дастон бо пояш ҷуроб мебофад, кашида ва сӯзанидӯзӣ мекунад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни аёдат ба ӯ барои ин таҳаммулу матонат, иродаи қавӣ, ки на ҳар шахси ҷисман солим доро аст, изҳори сипос намуд. Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, хонае, ки ҳоло ӯ истиқомат мекунад, чанд сол қабл ройгон ба ӯ дода шуда буд.
Дар сафари корӣ ба деҳоти Хурмӣ дар деҳаи Озодагон раиси шаҳр Шаҳриёр Нурбоев, маъюби гурӯҳи якум ва ва се нафар хоҳару ҷиянҳои ӯро, ки маъюби модарзод ҳастанд, аёдат намуд.
Гуфта шуд, ки ин оила зери назорати табибон қарор дошта, онҳо аз кӯмаки мақомоти шаҳрдорӣ, ҷамоати деҳот ва шахсони хайрхоҳ бархурдоранд. Аз ҷумла, ба яке аз духтаракони маъюби ин оила, ки дастонаш корӣ ҳастанд, мошинаи дарздӯзӣ тақдим карда шудааст.
Хонаи сокини деҳаи Турки Роҷи деҳоти Амондара Аҳмад Маҷидзода- афсари нерӯҳои сарҳадӣ, ки дар ҳифзи сарҳад ҷароҳат бардошта, маъюб шудааст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони хайрхоҳхоҳ таъмир шуда, ӯ бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда, пайваста ёрии моддӣ расонида мешавад.
Зимни аёдат раиси шаҳр ҳангоми сафари корӣ ба деҳоти Амондара ӯ барои ин дастгириҳо изҳори сипос намуд.
Аёдату кӯмакба чунин ашхос дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.