Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МЕҲРОНА- ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
single-product

МЕҲРОНА- ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

2025-10-02 13:28:55

Ҳамаи панҷ нафар ҳакамони даври ҷумҳуриявии озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар бахши муассисаҳои миёнаи касбӣ, ки аз ҷумлаи олимони варзидаи кишвар буданд, ба ҷавобҳои донишҷӯи соли сеюми коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Меҳрона Худойбердиева баҳои баландтарин гузоштанд.
Ӯ дар ин бахши озмун байни донишҷӯёни муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат беҳтарин дониста, соҳиби ҷойи аввал гардид.
Меҳрона ба ин озмуни бонуфуз бо роҳнамоии устодаш- омӯзгори фанни биологияи коллеҷи тиббии шаҳр, Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон Зубайдулло Яҳёев омодагии пухта дида, ҳамаи асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа кардааст.
Се сол қабл дар даври ҷумҳуриявии озмуни “ Тоҷикон дар оинаи таърих” низ сазовори ҷоиза гашта буд.
Ин ғолибиятро ба ӯ ва устодонаш муборакбод мегӯем.