
ОМӮЗГОРОН – МАШЪАЛАФРӮЗОНИ ҶОМЕА
2025-10-02 10:00:38
“Маҳз омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд...Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад”
Ин баҳои баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи омӯзгорон, ки санаи 1 октябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент, ба номи Олим Бобоев бо иштироки омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид, борҳо ба забон оварда шуд.
Дар паёми шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, ки муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ ба ҳозирин ироа намуд, бо таъкиди нақшу мақоми омӯзгорон дар тарбияи насли ояндасози кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа гуфта шуд, ки рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат меҳварӣ дониста мешавад.
Дар ин замина ҳоло наздик ба 60 дарсади буҷети маҳаллӣ барои таъмини рушди соҳаи маориф равона шуда, дар маҷмӯъ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 22 маротиба баланд бардошта, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 30 фоиз зиёд гардид.
Ҳоло дар шаҳр дар 138 муассисаи таълимӣ 4883 нафар омӯзгорон ба беш аз 72 ҳазор нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд.
Дар фарҷоми ҷамъомад ба як идда омӯзгорон нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда, барономаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.
Дар ин рӯз собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони барӯманд Илёс Облоқулов ва Ҳанифа Шарифова аёдат намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.