БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ.
2025-09-27 08:12:52
Рафти бунёди иншооти ҷашнӣ зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад ва дар ин замина имрӯз раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмони як қатор иншооти бунёдшаванда дидан намуд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз рафти сохтмони маҷмааи боғи фарҳангию истироҳатии Абулқосим Фирдавсӣ ба пудратчӣ- ширкати сохтмонии “СУ -3” ҷиҳати тибқи лоиҳа ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани он дастур дода шуд.
Дар ҷараёни боздид аз рафти бунёди бинои нави беморхонаи кӯдакон гуфта шуд, ки он бо маблағгузории буҷети шаҳр барои 200 кат сохта шуда, ҳамаи шароити зарурӣ барои табобат муҳайё карда мешавад. Он ҷо ҳоло сохтмончиён ба бардоштани девори таҳхонаи бино машғул ҳастанд.
Дар ин боздид ҳамчунин аз рафти сохтмон ва таъмиру таҷдиди осоишгоҳи “Шифо”, бунёди Маркази оши палов дар ҳудуди он, сохтмони бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент, ки бо маблағгузории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад , дидан намуда, барои тезонидани бунёди онҳо ба масъулин дастур дода шуд.
Масъалаи ба таъмир фаро гирифтани биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Самарқандии шаҳр низ дар ин боздид бо масъулон матраҳ карда шуд.