
НЕРУГОҲИ ХУРДИ БАРҚИ ОБИИ «ПАНҶРӮД» ФАЪОЛ ШУД
2025-10-07 14:16:23
Дар доираи талаботи Қарори Ҳукумати мамлакат оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҳамкорӣ бо шабакаҳои барқи шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Мардон Насриддинов неругоҳи хурди барқи обии “Панҷруд” баъди танаффуси тӯлонӣ боз фаъол гардонида шуд.
Бо 500 квт соат нерӯи барқ, ки ин нерӯгоҳ истеҳсол мекунад, аз оғози моҳи равон хонаҳои сокинони деҳаи Панҷруд ва қисман деҳаҳои шафати он бо барқи доимӣ таъмин карда мешавад.
Нерӯгоҳи мазкур чордаҳ сол муқаддам бо ибтикори ин соҳибкор сохта шуда буд. Баъдан ба сабабҳои гуногун, аз ҷумла фарсуда шудани таҷҳизот, аз фаъолият бозмонд.
Фаъол гардонидани ин нерӯгоҳи хурди барқи обӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон мусоидат менамояд.