Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДАР БАРРАСӢ- ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
single-product

ДАР БАРРАСӢ- ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

2025-10-03 13:49:40

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, ки дар раъси раиси Шӯро, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Искадар Раҳматзода баргузор шуд, натиҷаҳои санҷиши ҳолати пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар соли гузашта ва 9 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯро зимни шунидани гузоришҳои муовини якуми раиси шаҳр, ёвари прокурори шаҳр, муовини сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр, сардори гурӯҳи бақайдгирию имтиҳонотии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент, сардори муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, таваҷҷӯҳи масъулини сохторҳои марбута ва иштирокчиёни ҷаласа ба ваъъи риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки боиси ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳалокат ва ҷароҳатбардории одамон гаштаанд, беҳдошти ҳолати роҳҳои нақлиётӣ, гузоштани аломатҳо дар роҳ, сатҳи таълими касбӣ дар мактабҳои ронандагӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандон дар вақти додани шаҳодатномаи ронандагӣ, танзими фаъолияти ширкатҳои мусофир ва боркашонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ҷалб карда шуд.
Бо қарори Шӯро ташкилоту муассисаҳои марбута барои пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, бартараф намудани сабабу омилҳои онҳо муваззаф карда шуданд.