Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАВАҶҶӮҲ БА МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН
single-product

ТАВАҶҶӮҲ БА МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

2025-10-04 14:42:50

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тибқи нақша ҳар рӯзи шанбе раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муроҷиат ва арзу шикояти шаҳрвандонро шунида, барои ҳалли қонунии онҳо чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Ин навбат муроҷиату дархости шаҳрвандон, ки ба қабули раиси шаҳр омада буданд, асосан ба масъалаҳои таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, манзил, ҳалли баҳси замин, кӯмак барои табобат, дастгирии кӯдаки маъюб, таъминот бо ҷойи кор оид буд.
Ҳамаи муроҷиатҳо шунида, роҳҳои ҳалли қонунии онҳо фаҳмонида, ба сохторҳои марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ ва ташкилоту муассисаҳо барои ҳалли онҳо дастур дода шуд.
Ҳамаи муроҷиату дархостҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ карда, аз натиҷааш ба шаҳрвандон хабар дода мешавад.