Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ДАР БОҒИСТОНИ ДОДАВРА

2025-09-29 15:47:27

Додавра мазеъест болотар аз деҳаи Нигноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент. Собиқа ин ҷо замини ноободи санглохи лалмӣ ва ғайрикишоварзӣ буд ва чизе ба ҷуз алафҳои хурӯй намерӯид.
Ҳоло ин ҷо боғест сабзгуну дилрабо ва меваҳояш хуштаъму сероб ва дидарабо. Ҳамаи ин самараи заҳмати сангини кишоварзи соҳиби таҳсилоти олии агрономӣ, боғбони варзида, сокини деҳаи Нигнот Маҳкамбой Ҷӯраев аст.
Ӯ баъди хатми донишкадаи кишоварзӣ чандин сол дар собиқ хоҷагии ҷамоавии ба номи Рӯдакӣ агрономи соҳаи боғдорӣ буд ва бо талошҳои ӯ беш аз 200 гектар боғ бунёд шудааст. Баъди ислоҳоти сохтори соҳаи кишоварзӣ ӯ аз тариқи шартнома обод намудану бунёди боғро дар ин мавзеъи нообод ба ӯҳда гирифт, аз 1,5 километр ба он аз тариқи лӯлаҳо об овард, 1,5 гектар замини санглохро обод намуду боғ бунёд кард.
Тӯли 30 сол Додавра бо заҳмати сангини Маҳкамбой Ҷӯраев ва аҳли оилааш ба боғистони зебою серҳосил бадал шуд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ки дар ин боғ ҳоло беш аз ҳазор бех навъҳои гуногуни себ, зардолу, шафтолу, биҳӣ, олуболу, ҳазорҳо без санҷиду ҳулул парвариш карда мешавад ва ҳоло ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Аз ҳосили фаровони боғи Маҳкамбой Ҷӯраев ҳар сол садҳо нафар даҳон ширин мекунанд ва рӯзгораш низ аз он обод аст.
Дар ин сафар раиси шаҳр ҳамчунин аз мавзеъи Шӯрхоки деҳа, ки бо сармоягузории шарикони рушд он ҷо бо кашидани хати об аз масофаи 3,5 километр беш аз 80 гектар замини лалмӣ обёрӣ ва дар оянда боғ бунёд карда мешавад,боздид намуд.