Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ДЕҲАИ НАВ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ДЕҲАИ НАВ

2025-09-30 14:21:27

Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии Шарҷа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” дар қарибии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Ворӯ деҳаи нав бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳа дар навбати аввал дар деҳаи нав, ки дар заминҳои бо қарори Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо шуда буд, ҷойгир аст, барои 25 оилаи эҳтиёҷманди Ҷамоати деҳоти Ворӯ хонаҳои истиқоматии дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта, хати барқ ва оби нӯшокӣ гузаронида,бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар дошта шудааст.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз маҳали сохтмон ба масъулон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбӣинишуда ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои истиқоматӣ, хати об, бинои муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ дастур дода шуд.