
ОҒОЗИ БАҚАРОРКУНИИ КАНАЛ ВА ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ
2025-09-30 14:26:12
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва сармоягузории Корхонаи муштараки “Зарафшон” дар Ҷамоати деҳоти Косатарош канал ва пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз оғози барқарор намудани ин ишооти обёрӣ гуфта шуд, бо таҷдиди собиқ канали Чертук дар масофаи 1,5 километр, бунёди ҳавзҳои обнигоҳдорӣ, таъмири асосии пойгоҳи обкашии “Дашти калон -1” ва насби пойгоҳи обкаши нав беш аз 200 гектар замин обёрӣ карда мешавад.
Барои ин корҳо КМ “Зарафшон” се миллион сомонӣ ҷудо намуда, онро паймонкор ҶДММ “ Файзи кӯҳистон” ба иҷро мерасонад.
Баҳори оянда деҳқонон дар ин заминҳо ба кишту кор ва бунёди боғ шурӯъ хоҳанд кард.