Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАЛАНД БАРДОШТАНИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА СОВОДНОКИИ МОЛИЯВИИ МАҲСУЛОТИ МОЛИЯВИЮ БОНКӢ
single-product

БАЛАНД БАРДОШТАНИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА СОВОДНОКИИ МОЛИЯВИИ МАҲСУЛОТИ МОЛИЯВИЮ БОНКӢ

2025-10-03 16:16:32

Таҳти ин унвон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон”,(INVEST) ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад, форуми минтақавӣ баргузор шуд.
Дар он кормандони масъули лоиҳаи зикршуда дар водии Зарафшон, бонкҳои тиҷоратӣ, зерлоиҳаҳое, ки дар доираи ин лоиҳа амалӣ мешаванд, иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди рақамикунонӣ ва саводнокии молиявии маҳсулоти молиявию бонкиро, ки дар Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст, матраҳ намуданд.
Дар суханронии муовини раиси шаҳр Хусрав Дӯстбойзода ва роҳбари Лоиҳаи мазкур Зумрат Файзиева дар ҳузури иштирокдорони форум аз ҷумла гуфта шуд, ки татбиқи нишондодҳои Барномаи ёдшудаи давлатӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва рақамикунонии иқтисод барои истифодаи босамари захираҳои молиявӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти бонкӣ имкониятҳои бештаре барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ фароҳам овард.
Дар доираи форум кормандони бонкҳои тиҷоратӣ роҳҳои ҳамкорӣ ва хидматрасониҳои бонкиро шарҳ доданд ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо дастгирии лоиҳаи зикршуда истеҳсол шудааст , баргузор шуда, барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.