
ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК БОД!
2025-10-06 15:44:16
Устоди варзиш, устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои педагогӣ Шавкат Абдуллоев дар чемпионати ҷаҳон дар байни собиқадорон ва устодони варзиш аз рӯи гуштини тарзи озод соҳиби мақоми сеюм гардид.
Ин мусобиқа, ки ҳоло дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон мегузарад, устодони варзишро аз саросари ҷаҳон гирд овардааст
Шавкат Абдуллоев аз ҷумлаи устодон ва мураббияҳои шинохтаи варзиши шаҳри Панҷакент буда, дар чандин мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардида, дар тарбияи варзишгарони ҷавон низ саҳми арзанда мегузорад