Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РӮДАКӢ
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РӮДАКӢ

2025-09-29 15:43:33

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти зодагони барӯманди диёр дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ вусъат меёбад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ санаи 27 сентябри соли 2025 аз рафти бунёд ва таъмиру таҷдиди як қатор иншоот дидан намуд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Марғедар бо рафти бунёди маркази савдои соҳибкор Ислом Имомов, ки аз сардхона, маркази савдо ва толори маъракаю маросим иборат аст, шинос шуда, барои дар мӯҳлат анҷом додани корҳои оришӣ дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёаи умумии №7, ки номи яке аз зодагони барӯманди деҳаи Кулолӣ, нахустин сардабири нашрияи Шӯрои Олии мамлакат- “Садои мардум”, вакили Шӯрои Олӣ ва шаҳиди роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ Муродуллоҳ Шерализодаро дорад, дидан намуда, барои таъмиру таҷдиди даромадгоҳу саҳн, синфхонаҳо, нимпайкара ва оромгоҳу хона -музеи ӯ дастур дода шуд.
Таъкид шуд, ки ба иҷрои ин корҳо баробари маблағҳои буҷет ҳамчунин соҳибкорон ва дастпарарони таълимгоҳ ҷалб карда, то таҷлили 80-солагии Муродуллоҳ Шерализода анҷом дода шаванд.
Дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и деҳаи Зери Ҳисор, ба номи Мастон Шералӣ, ки соли равон 90-солагии ин шоири номвару навовари тоҷик бо баргузории конфронсу маҳфилҳо таҷлил карда мешавад, корҳои асосии бунёди толори варзиш, хона- музеи шоир ва ободонии саҳни таълимгоҳ анҷом ёфта, ҳоло корҳо дар даромадгоҳи он идома дорад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин рафти бунёди маркази саломатӣ ва бинои нави муассисаи таҳсилои миёнаи умумии №13-и деҳаи Нигнот ба номи Файзулло Ансорӣ, кашидани хати нави барқ барои коргоҳҳои истихроҷи ангишт ва қалъагӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ дидан карда, барои тавсеаи корҳо ба масъулин супориш дода шуд.