Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЁМИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
single-product

ПАЁМИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

2025-10-01 13:31:08

Устодони арҷманд!
Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари мамлакат Рӯзи омӯзгорон чун нишони арҷгузорӣ ба заҳмати устодон, муаллимон ва нақши онҳо дар тарбияи ҷомеа таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи омӯзгорони шаҳрро бо иди касбиашон самимона муборакбод намуда, барояшон умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод ва дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи соҳибмаърифату соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасози кишвар муваффақият ва барору комёбӣ таманно менамоям.
Мардуми соҳибмаърифат ва гавҳаршиноси мо эҳтироми муаллимро ҳамеша пос медоранд ва ба заҳмати беандозаи ӯ дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони Ватани азизамон сазовор арҷ мегузоранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Омӯзгорон гурӯҳи пурнуфузе мебошанд, ки рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу соҳибмаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши онҳо вогузор шудааст”.
Барҳақ, омӯзгорон ҳастанд, ки дасти моро рост намуданд ва ба шоҳроҳи ҳаёт раҳнамун сохтандд ва имрӯз низ рисолати муқаддаси худро бо камоли садоқат ба ин Ватани биҳиштосо, ба имрӯзу ояндаи он, ба Пешвои миллатро бо садоқат ва маҳорати баланди касбӣ иҷро менамоянд.
Ҳаминро гуфтан кофист, ки дар даврони истиқлол дар шаҳри Панҷакент бо сармоягузорӣ ва манбаъҳои гуногун 81 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ба истифода дода, ҳоло корҳои сохтмонии боз 9 бинои муассисаи таълимӣ барои 3 ҳазор хонанда, 10 муассисаи томактабӣ ва 70 синфхонаи иловагӣ дар назди 15 муассисаи таълимӣ барои 2 ҳазору 350 хонанда идома доранд.
Ҳоло наздик ба 60 дарсади буҷети маҳаллӣ барои таъмини рушди соҳаи маориф равона шуда, дар маҷмӯъ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 22 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 30 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардидааст.
Барҳақ, сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон беҳтарин ва сармарабахштарин сармоягузорӣ мебошад ва хушбахтона, ин ба як рукни муҳими сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат табдил ёфтааст.
Ҳоло бори асосии таълиму тарбия дар мактаб ба дӯши бонувони омӯзгор аст ва онҳо 62 дарсади омӯзгоронро ташкил медиҳанд. Дараҷаи касбии омӯзгорон сол то сол беҳтар шуда, ҳоло 77 фоизи онҳо дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.
Бо итминон изҳори умед мекунам, ки омӯзгорон, устодони арҷманд,мураббияҳо ба қадри ин ғамхориҳову ин баҳои баланд мерасанд ва дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандорӣ боз ҳам нақши арзанда мегузоранд.
Бо умеди он ки омӯзгорони арҷманди мо ин рисолати аслии худро ҳамеша дар ёд дошта бошанд, бори дигар ҳамаи онҳоро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ ва дар ҷодаи иҷрои рисолати бузурги касбӣ ва инсониашон- тарбияи насли ояндасози Ватан, барору комёбӣ орзу мекунам.
Рӯзи омӯзгорон муборак бод, устодони арҷманд!