Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САРОИ БЕГАЗАНДИ МАН, ЗАБОНИ МОДАРИИ МАН
single-product

САРОИ БЕГАЗАНДИ МАН, ЗАБОНИ МОДАРИИ МАН

2025-10-04 14:39:25

-Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем.
Бо ин иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади аҳли маорифу фарҳанг, зиёиён, собиқадорон ва ҷавонони шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар толори Кохи Лоиқ оғоз шуд.
Ба ҳозирин паёми шодбошии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоркимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ироа гардид.
Дар он аз ҷумла , таъкид шудааст, ки бо ин забони ноб дар дарозои таърих бузургтарин осори адабию илмӣ, шоҳкориҳои адабиёт эҷод шуда, он ба рағми ҳама ҷангҳову кашмакашҳо, забткориҳои аҷнабиён, дигар шудани дину оин асолати таърихиашро нигоҳ дошт, зиндаю побарҷо боқӣ монд.
Изҳор шуд, ки ҳамдиёрону ҳамватанони арҷманди мо қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии худро ҷиҳати поку бегазанд нигоҳ доштани асолати забони модарӣ, ки ифодагари ҳастии миллат аст, минбаъд низ бо камоли сидқу меҳр ба ҷо меоранд.
Ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки аз қироати шеърҳо дар бораи забони модарӣ, намунаҳо аз “Шашмақом”, сурудҳо бар ашъори шоирон дар бораи бузургдошт ва эҳтироми забон мураттаб гардида буд, пешкаш шуд.
Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар ҳама муассисаҳои таълимию фарҳангии шаҳр маҳфилу нишаст ва ҳамоишу конфронсҳо баргузор шуданд.