
ВАТАН ҶОНЕ, КИ ДАР ҶОНИ МАНУ ТУСТ
2025-10-01 16:31:56
Имрӯз -1 октябр ,дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гурӯҳи аввали даъватшавандагонро ба хидмати Модар – Ватан гусел намуданд.
Ба ин муносибат дар саҳни майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо иштироки фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, падару модарон ва наздикони наваскарон маросими гусел баргузор шуд.
Зимни суханронии муовини якумии раиси шаҳр Сабур Собирзода аз ҷумла, гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 августи соли 2025, № 1070 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” корҳои зиёди тарғиботӣ ва ташкилию сафарбариро ба иҷро расониданд.
Қайд карда шуд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Хурмӣ, Саразм, Халифа Ҳасан, Шинг дар рӯзи нахустини гусели даъватшавандагон нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро пеш аз мӯҳлат ба иҷро расониданд,
Дар маросими гусел наваскарон, волидони онҳо сухан карда, садоқаташонро ба Ватан, ба Пешвои миллат изҳор намуданд.
Ба даъватшавандагоне, ки мактаби ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиаро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ, ба онҳое, ки дар иҷрои нақшаи даъват саҳми бориз гузоштаанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Зимнан, дар давраи омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Вазорати мудофиаи мамлакат 210 нафар ҷавонони синни даъватӣ ба мактаби ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиа ҷалб карда шуданд.
Барномаи рангини ҳунарӣ, ки тараннумгари садоқат ба Ватан, ҷасорату матонат буд ва маросими анъанавии насибагирӣ анҷомбахши маросими нахустини гусели наваскарон ба хидмати ҳарбӣ буд.
Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ- Рӯзи даъватшаванда, бо фотиҳаи волидон ва зери навои мусиқӣ гурӯҳи аввалин иборат аз 400 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.