Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЁМИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
single-product

ПАЁМИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-10-04 08:06:09

Ҳамдиёрони арҷманд!
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамасола ба нишони арҷгузорӣ ба ин рукни муҳимтарини ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллии тоҷикон санаи 5 октябр дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад, ба ҳамаи шумо сидқан муборакбод мегӯям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем”.
Забони модарии мо идомаи забонҳои давраи куҳани порсӣ аз замони нигориши “Авасто” то таназзули давлати Ҳахоманишиён, давраи миёна аз замони давлати Ашкониён то поёни давлатдории Сосониён ва давраи нав, аз замони ташаккули Сомониён то имрӯз аст. Бо такя ба ин натоиҷи илмӣ метавон гуфт, ки забони кунунии мо давраҳои куҳан ва миёнаро ба сар бурда, дар замони салтанати Сомониён баробар бо халқи тоҷик, бо гунҷонидани гӯишҳои забонҳои куҳани авастоӣ, паҳлавӣ, хоразмӣ, бохтарӣ, суғдӣ ва дигар забонҳои куҳани мардуми эронинажод дар таркиби худ, дубора ба номи форсии тоҷикии нав эҳё шуд.
Мо соҳиби забоне ҳастем, ки бар садри он поягузори адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишастаст ва дар тӯли беш аз ҳазор сол ворисони ӯ дар ҳавзаи тамаддуни тоҷикию форсӣ бо ин забон адабиёти оламшумул офаридаанд.
Барҳақ, бо ин забони ноб дар дарозои таърих бузургтарин осори адабию илмӣ, шоҳкориҳои адабиёт эҷод шуда, он ба рағми ҳама ҷангҳову кашмакашҳо, забткориҳои аҷнабиён, дигар шудани дину оин асолати таърихиашро нигоҳ дошт, зиндаю побарҷо боқӣ монд.
Баъди ба истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ, тозаю беолоиш нигоҳ доштани он тадобири зиёде андешид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030", таъсиси ниҳоди давлатӣ оид ба забон ва истилоҳот ва ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо аст.
Хушбахтона, ҳоло забони ноби тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муоширату коргузорӣ аз ғамхориву пуштбонии давлату Ҳукумат, ҷомеи шаҳрвандӣ ва кулли ҳамватанон чун рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии он бархурдор аст.
Мояи ифтихори ҳамзабонон аст, ки бо ин забони нобу фасеҳ Пешвои муаззами миллати мо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мавқеъу ҳадафҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро баён медоранд, бо ташаббусҳои некхоҳона онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Бо итминон изҳор медорам, ки ҳамдиёрону ҳамватанони арҷманди мо қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии худро ҷиҳати поку бегазанд нигоҳ доштани асолати забони модарӣ, ки ифодагари ҳастии миллат аст, минбаъд низ бо камоли сидқу меҳр ба ҷо меоранд.
Бо ҳамин нияту орзу ҳамдиёрон ва ҳамватанони арҷмандро бори дигар бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!