ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ.
2025-09-26 11:27:00
Ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси шаҳри Панҷакент баргузор шуд.
Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии раиси шаҳр, раиси Шӯро Абдухолиқ Холиқзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзоёни комиссияи шаҳрии даъват ба хидмати ҳарбӣ, масъулони маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр доир шуд, рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №1070 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни шунидани гузориши масъулон, пурсиши раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот рафти омодагӣ ба маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ баррасӣ гардида, таваҷҷӯҳи онҳо ба тавсеаи корҳои тарғиботию ташкилӣ бо ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо, шаффофияти фаъолияти комиссияи шаҳрии даъват, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати тавсеаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва омода намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аст, дастур дода шуд.