Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Хабарҳои охирин

ҳамаи хабарҳо

2024-05-01 17:01:07

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши оила дар тарбияи фарзанд, пойдории ҷомеа баҳои баланд додаанд.
Дар озмуни вилоятии “Оилаи намунавӣ”, ки дирӯз ҷамъбаст шуд, ҳакамон оилаи сокинони шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Мӯъминов ва Барно Ашӯроваро дар қатори беҳтаринҳо дониста, онҳоро бо дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.
Сарвари ин оилаи намунавӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ буда солиёни зиёд дар сохторҳои ҳарбӣ софдилона ифои вазифа намудааст, ҳамсараш омӯзгори варзида ва ба садҳо нафар ҳаққи устодӣ дорад. Онҳо дар оиладорӣ, тарбияи фарзандон намунаи ибрат ҳастанд.
Сазовор шудан ба номи оилаи намунавиро ба онҳо шодбош мегӯем.

2024-05-01 08:22:44

ЧОР ИНШООТИ МУҲИМИ ШАҲРИ ҚАДИМИИ ПАНҶАКЕНТ БАРҚАРОР КАРДА ШУД

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар доираи Лоиҳаи «Нигаҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда» чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Зимни анҷоми ин лоиҳа дар майдони вурудии ёдгорӣ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент, сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳу аҳамияти ин ёдгорӣ ва ҳамкорӣ барои ҳифз, барқарорсозӣ ва таҳқиқи он сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки бо татбиқи Лоиҳаи «Нигаҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда» дар шаҳри қадимии Панҷакент чор иншооти муҳими он, аз ҷумла маъбади оташпарастии асрҳои 5-6, боқимондаҳои девори асри 5, толори пазироии меҳмонон бо номи рамзии «Рустамнома», девори мудофиавии Панҷакенти қадим таҷдиду барқарор шуда, дар масофаи 2,8 километр ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки «барои Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дастгирии барқарорсозии ин шаҳри бостонии Роҳи бузурги Абрешим яке аз масирҳои пурмаъное аст, ки тариқи он мо эҳтиром ва қадрдониамонро ба таърих ва фарҳанги ғании Тоҷикистон баён менамоем».
Дар ҷамъомад ба Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф», Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону мутахассисон, иштирокчиёни татбиқи лоиҳа изҳори сипос карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо роҳнамоию дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 9 ёдгории таърихии ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла панҷ ёдгории шаҳри Панҷакент ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки яке аз онҳо ёдгории асрҳои 5-8-и мелодӣ- шаҳри Панҷакенти қадим аст.

2024-05-01 08:19:12

БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ТАҶДИД МЕШАВАД

Мустаҳкам намудани пойгоҳи муассисаҳои таълимӣ аз авлавиятҳои сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин самт бо дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент пайваста тадбир меандешад.
Дар ин росто ҳоло бо фармоиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и деҳаи Озодагон, ки солҳо боз нотамом боқӣ монда буд, аз ҷониби бинокорони ҶДММ “Зафарсохтмон” таъмиру таҷдид карда мешавад.
Зимни боздид раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд ва ба пудратчиён ҷиҳати дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати хуб ба истифода супоридани он, ба тартиб овардани саҳну атрофи бино дастур дода шуд.

2024-05-01 08:14:31

ДЕҲҚОНОН БА КИШТИ ШОЛӢ ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Афзун намудани истеҳсоли шолӣ чун яке аз зироатҳои асосии ғизоӣ дар таъмини амнияти орзуқавории мамлакат, ки рафти иҷрои он зери назорати пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мавриди таваҷҷӯҳи доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аст.
Зимни шиносоии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафтии омодагии хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ ба кишти шолӣ, иттилоъ дода шуд, ки имсол дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагии ҷангал ва соҳибкорон, ки ин ҷо заминҳои нав кушодаанд, ба беш аз 300 гектар шолӣ кишта мешавад.
Ҳоло бошад ба заминҳои шоликорӣ об баста, шудгори дубораи онҳо ва омода намудани тухмӣ идома дорад. Бо мувофиқ шудани ҳарорати ҳаво кишти шолӣ рӯзҳои наздик оғоз карда мешавад.

2024-05-01 08:11:14

СОҲИЛБАНДӢ ИДОМА МЕЁБАД

Соҳилбандии дарёи Зарафшон ва ба ин васила ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, аз обхезӣ эмин доштани майдонҳои кишт аз масъалаҳои муҳимест, ки аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бармеояд.
Бо дастур ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳоло корҳои соҳилбандии дарёи Зарафшон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хурмӣ идома дорад. Кишоварзон дар ин самт аз усули анъанавии сепоягузорӣ кор гирифта, баробари ин бо кашонидани сангу шағал соҳилҳи дарёро мустаҳкам менамоянд. Ба ин кор техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни шиносоӣ бо рафти соҳилбандӣ ба масъулини Ҷамоати деҳот, хоҷагии ҷангал ва дигар муассисаҳои марбута ҷиҳати ба ин кор ҷалб намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва онҳое, ки ин ҷо шолӣ кишт намоянд, дастур дод.
Таъкид шуд, ки корҳои соҳилбандӣ бояд то баланд шудани сатҳи оби дарё ҳамарӯза идома дода шавад.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

2024-04-05 09:36:34

Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент:
1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825, 25 сомонӣ
2. Мудири бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1497, 45 сомонӣ
3. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ
4. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент:
5. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
6. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбари бахши саноат, нақлиёт ва хизматрасонӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
9. Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Ҷамоатҳои деҳот:
10. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
12. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
13. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
14. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
16. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
17. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
19. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
21. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
22. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1361,20 сомонӣ.
23. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
24. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
25. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
26. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
27. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
28. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
29. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
30. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
31. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
32. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
33. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
34. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
35. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
36. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
37. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20сомонӣ.
38. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Фароб –1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ
39. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
40. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ
41. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
42. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20сомонӣ.
43. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
44. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
45. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
46. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
47. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
48. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
49. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
50. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– эъломия оид вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
– маълумотнома аз ҷои зист.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, телефон барои маълумот: 5–53–52, 5–72–25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.

ДАЪВАТ БА КОР

2023-08-02 08:27:00

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ
ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012, 60 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012, 60 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
3. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236, 70 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
5.Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Ҷамоатҳои деҳот
6. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
9. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
10. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
11. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
12. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
13. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
14. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
17. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
19. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
21. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
22. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
23. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
24. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
25. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
26. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Саразм– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
27. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
28. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
29. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
30. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
31. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Шинг– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
32. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.31.
33. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
34. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Шинг– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
35. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
36. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Фароб– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
37. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
38. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Косатарош– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
39. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
40. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
41. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Сӯҷина– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
42. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
43. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
44. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Чинор– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
45. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ -913 сомонӣ.
46. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Моғиён– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ аз ШВКД;
- маълумотнома аз ҷои зист.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент. Телефон барои маълумот: 5-53-52, 5-72-25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр