Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ”
single-product

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ”

2024-05-01 17:01:07

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши оила дар тарбияи фарзанд, пойдории ҷомеа баҳои баланд додаанд.
Дар озмуни вилоятии “Оилаи намунавӣ”, ки дирӯз ҷамъбаст шуд, ҳакамон оилаи сокинони шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Мӯъминов ва Барно Ашӯроваро дар қатори беҳтаринҳо дониста, онҳоро бо дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.
Сарвари ин оилаи намунавӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ буда солиёни зиёд дар сохторҳои ҳарбӣ софдилона ифои вазифа намудааст, ҳамсараш омӯзгори варзида ва ба садҳо нафар ҳаққи устодӣ дорад. Онҳо дар оиладорӣ, тарбияи фарзандон намунаи ибрат ҳастанд.
Сазовор шудан ба номи оилаи намунавиро ба онҳо шодбош мегӯем.

single
single