
ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ВАСЕЪ МЕШАВАД
2023-09-15 18:21:51
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳӣ аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани хазинаи давлат, муаррифии кишвар ва шуғлофарӣ маҳсуб мешавад.
Шаҳри Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, манзараҳои дилфиреби табиӣ кайҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилаю беруна қарор гирифтааст ва дар ин замина инфрасохтори сайёҳӣ сол ба сол васеъ карда мешавад.
Ҳоло дар шаҳр 24 ширкати сайёҳӣ, 11 меҳмонхонаи замонавӣ ва 22 хонаи пазироии сайёҳон ва маҷмааи васеи ошхонаю тарабхонаҳо, нуқтаҳои савдо фаъолият дошта, давоми соли ҷорӣ боз ду меҳмонхона мавриди истифода қарор гирифт ва ҳоло сохтмони боз як меҳмонхона идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз чойхонаи “Саёҳат”, ки бо тарҳи меъмории зебо, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ кайҳост таваҷҷӯҳи сайёҳону меҳмонони шаҳрро ҷалб намудааст ва осорхонаи яке аз собиқадорони соҳаи сайёҳии шаҳр, шодравон Муҳаммадрасул Шарифбадаловро, ки дар ин ҷойхона воқеъ аст ва фаъолияти ширкати сайёҳии “Панҷакент- Интур” шинос шуд.
Дар ин боздид ҳамчунин ба фаъолияти яке аз нахустин меҳмонхонаҳои замонавии шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Интурист” маълум аст ва беш аз ним аср боз меҳмононро пазироӣ мекунад, ошно шуда, ба соҳибмулки он барои беҳдошти кор, муҳайё намудани шароити созгори қабули меҳмонону сайёҳон дастур дода шуд.

