
САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СӮҶИНА
2025-07-16 15:53:44
Дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент дар доираи дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба шаҳри Панҷакент, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли шифер дар ҳудуди ҷамоати деҳот ҷиҳати истиқболи сазовор аз 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, раванди корҳои ободонию созандагиро вусъат медиҳанд
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо рафти бунёди толори варзиш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 дар деҳаи Дашт, ки бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа сохта мешавад, шинос шуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани сохтмони он ба масъулин дастур дода шуд.
Зимнан, соли гузашта дар назди ин таълимгоҳ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону сокинон 14 синфхонаи иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуда буд.
Дар ин боздид ҳамчунин бо рафти корҳои ороишӣ дар маркази хидматрасонии соҳибкор Машраб Эгамбердиев шинос шуда, зимни боздид аз рафти кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишоварзон барои дар мӯҳлати мусоид, тибқи қоидаҳои агротехникӣ идома додани он маслиҳат дода шуд