
ҚАБУЛ ВА БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
2025-07-05 11:49:04
Дар рӯзи қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки ҳар ҳафта рӯи шанбе баргузор мешавад, ин навбат муроҷиату дархости шаҳрвандон оид ба додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъминот бо манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳси замин, таъмири роҳ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назари онҳо шунида шуд.
Зимни шунидану баррасии муроҷиату дархостҳои шаҳрвандон ба ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳои марбута ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли қонунии онҳо дастур дода шуд.
Ҳамчунин, дар рафти баррасии муроҷиатҳо раиси шаҳр бо раисони ҷамоатҳои деҳот тамос гирифта, барои моҳиятан баррасӣ ва тибқи талаботи қонунҳои ҷорӣ ҳал намудани масъалаҳои мавриди назари шаҳрвандон супориш дода, онҳо вазифадор карда шуданд, ки аз натиҷаи он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр дар вақти муайяншуда маълумот диҳанд.
Дар маҷмӯъ, давоми нимсолаи аввали соли равон 1424 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун аз тариқи хаттию шифоҳӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намудаанд. Ҳамаи муроҷиату дархостҳо тибқи талаботи қонун дар муҳлати муқарраршуда ҳаллу фасл карда мешаванд.