Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН”
single-product

БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН”

2025-07-05 10:48:28

Дар сӯҳбати раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо директори кулли ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” Оуян Лунао, ки имрӯз сурат гирифт, фаъолияти ин корхонаи азими саноатӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат- саноатикунонии босуръати кишвар, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, рафти пардохти андозҳо, саҳмгузории он дар ҳалли масоили иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, зимни сӯҳбат оид ба истифода омода намудани корхонаи истеҳсоли оҳак дар назди КМ ”Зарафшон”, тезонидани бунёди манзил барои оилаҳое, ки дар минтақаи истеҳсолии корхона зиндагӣ мекунанд, саҳмгузории корхона дар тоза намудани селроҳаҳо, дигар масъалаҳое, ки дар сӯҳбатҳои қаблӣ гузошта шуда буданд, матраҳ карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарияти ин корхонаи азими саноати кӯҳӣ, ки дар ғанӣ гардонидани буҷет, шуғлофарӣ ва ҳалли масоили иҷтимоӣ саҳми бориз дорад, ҳамкории пайвастаро ба роҳ мондааст.