Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ДЕҲАИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД

2025-07-02 10:15:20

Дирӯз бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндагони шарикони рушд ба маҳали нави аҳолинишин, ки дар қарибии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Ворӯ бунёд мешавад, санги асос гузошта шуд.
Тавре зимни гузоштани санги асос ва муаррифии лоиҳаи деҳаи нав гуфта шуд,он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии Шарҷа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳа дар навбати аввал дар деҳаи нав, ки дар заминҳои бо қарори Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо шуда буд, ҷойгир аст, барои 25 оилаи эҳтиёҷманди Ҷамоати деҳоти Ворӯ хонаҳои истиқоматии дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта, хати барқ ва оби нӯшокӣ гузаронида,бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақша маҳали истиқоматии нав то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, ба эҳтиёҷмандон тақдим карда мешавад.
Зимнан, бо саҳмгузории ин ташкилоти хайриявии байналмилалӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр чанд сол қабл дар деҳаи Ворӯ бинои муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шуда буд.