
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ
2025-06-26 16:19:17
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳоест, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз як давраи душвори таърихӣ ба даст овард.
Рӯзи 27-уми июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ, имрӯз ба рамзи ҳаёти осоишта, сарҷамъӣ ва устувории ҷомеа мубаддал гаштааст.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо тавонист аз гирдоби нооромиҳо раҳо ёбад ва ба сӯйи пешрафту шукуфоӣ қадам ниҳад.
Ман ҳамчун як соҳибкор дар бахши сайёҳӣ, бо чашми сар мебинам, ки чӣ гуна фазои сулҳу субот ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ — хусусан сайёҳӣ — таъсири амиқ расонида истодааст. То замоне ки амният набошад, то вақте ки фазои устувори сиёсиву иҷтимоӣ таъмин нашавад, рушди соҳаи сайёҳӣ ғайриимкон аст.
Бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи имрӯза, Тоҷикистон ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақавӣ табдил ёфтааст.
Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шароитеро ба вуҷуд овард, ки дари кишвар ба рӯйи ҷаҳон боз гардад ва табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ, урфу одатҳои мардумӣ ва фарҳанги ғании тоҷик муаррифӣ шаванд.
Давлат соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисод эътироф карда, барои пешбурди он шароити мусоид фароҳам овардааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2018–2020 "Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шуданд, ки ин иқдом равандҳои рушди сайёҳиро ба маротиб тақвият бахшид. Имрӯз дар ҳар гӯшаи кишвар осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои сайёҳӣ, роҳбаладони маҳаллӣ ва хидматрасониҳои муосир фаъолият доранд.
Соҳибкорони тоҷик дар ин раванд нақши муҳим доранд. Бештари онҳо, бо истифода аз имкониятҳои нави ҳуқуқӣ ва дастгирии давлатӣ, марказҳои хурду бузурги сайёҳиро ташкил додаанд, ки ин на танҳо барои боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, балки барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иҷтимоии маҳалҳо мусоидат мекунад.
Мо, соҳибкорон дар бахши сайёҳӣ, дар фазои ваҳдати миллӣ на танҳо фаъолият, балки рисолат дорем — муаррифгари чеҳраи ҳақиқии Тоҷикистони биҳиштосо ва сарзамини фарҳангу табиати нотакрор бошем. Сулҳу суботи кишвар ба мо имконият дод, ки бо забони меҳмоннавозӣ, бо сифати хизматрасонӣ ва бо эҳтироми арзишҳои миллӣ, симои мусбати Тоҷикистонро ба ҷаҳон пешкаш намоем. Бовар дорем, ки таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ва дар фазои пойдори ваҳдат, сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои калидии рушди иқтисодии кишвар табдил хоҳад ёфт.
Эраҷ Муҳаммадҷонзода,
сарвари пойгоҳи сайёҳӣ- кӯҳнавардии «Артуч”,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент