Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ САЙЁҲӢ
single-product

ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ САЙЁҲӢ

2023-09-14 11:03:09

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳиро дар кишвар манфиатовар ва ояндадор унвон кардаанд.
Дар ҳамин замина дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сайëҳии "Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайëҳӣ" баргузор шуд. ки дар он панҷ ширкати сайёҳии шаҳри Панҷакент, аз ҷумла "Саразм 5500", "Зеравшан мачестик тревэл", "Панчакент Интур" "Сайёҳати Саразм" ва “Куҳандиз” низ иштирок намуда, бо ҳамкорони худ аз мамлакатҳои узви ИДМ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ин ҳамкориҳо барои рушди соҳа, ҷалби бештари сайёҳон, дар маҷмӯъ муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла Панҷакент мусоидат хоҳанд кард.

single
single