
БА КАНАЛҲОИ ФАРМЕТАН ВА ХАЛИФА ҲАСАН ОБ ОМАД
2025-06-18 16:53:56
Дар каналҳои Фарметан ва Халифа Ҳасан- ду иншооти муҳими обёрии шаҳри Панҷакент, ки тавассути онҳо ҳазорҳо гектар киштзор ва дарахтзори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсӣ обёрӣ мешаванд, оқибати офати табии бартараф карда шуд.
Тавре иттилоъ дода будем, баъди нисфирӯзии 12 июн ба асари борони кӯтоҳмуддати пуршиддат ва омадани сел ба иншооти обёрӣ ва киштзорҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент зиёни ҷиддӣ ворид шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ин масъаларо дар ситоди ҳодатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ муҳокима намуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ бартараф намудани оқибати офати табиӣ тадбирҳои амалӣ андешид.
Дар муддати кӯтоҳ бо ҷалби техникаю мошинолот,кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, дастгирии техникии корхонаи муштараки “Зарафшон” оқибати офати табиӣ бартараф карда, ду рӯз қабл ба канали Фарметан ва дирӯз ба канали Халифа Ҳасан об баста шуд.
Ҳоло д ин ду иншооти муҳими обёрӣ ба таври мӯътадил фаъолият мекунанд.