
ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
2025-06-17 14:51:31
Санаи 17 июн иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи сайёҳӣ Абдумаҷид Раҳимов, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосия вакилон маърӯзаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибиро “Оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026 дар шаҳри Панҷакент” ва маърӯзаи иловагии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Эраҷ Муҳаммадҷонзодаро шуниданд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки рафти муқаррароти Стратегияи мазкур зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, дар ин замина барои таъмини рушди сайёҳӣ, беҳтар гардонидани инфрасохтори соҳа, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ як қатор корҳо ба ҷо оварда шудааст. Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии шаҳр, ки ҳоло шумораашон ба 26 адад мерасад, аз тариқи иштирок дар ҳамоишу намоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии дар маҷмӯъ мамлакат, аз ҷумла шаҳри Панҷакент , талош намуданд.
Дар қарори иҷлосия , ки баъди шунидани музокираи вакилон оид ин масъала қабул карда шуд, амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи талаботи Стратегияи мазкур ва таъмини рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи фоидаовар ва шуғлофар пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия, ки дар ин бора вакили Маҷлиси шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Хусрав Дӯстбойзода гузориш дод, вакилон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025” қарор ба тасвиб расониданд.
Ҳамчунин вакилон масъалаҳои дигари рӯзнома- оид ба ворид намудани тағйирот ба қисми даромаду хароҷоти буҷети маҳаллӣ, ҳисоботи вакилони маҷлиси шаҳрӣ, ташкил намудани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳрро баррасӣ намуда, дар ин бора қарор қабул намуданд.
Дар фарҷоми иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуд.
Вакилон дар бораи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони хаққи шаҳр, даъвати ҳафтум қарор ба тасвиб расониданд.