
ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД
2025-06-13 16:19:45
Дирӯз, баъди нисфирӯзӣ ба асари борони кӯтоҳмуддати пуршиддат ва омадани сел ба иншооти обёрӣ ва киштзорҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент зиёни ҷиддӣ ворид шуд.
Ин масъала ин субҳ бо иштироки раиси шаҳр Абдухолқ Холиқзода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Холмаҳмад Раҷаббойзода дар ситоди ҳодатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр , ки дар Ҷамоати деҳоти Косатарош баргузор шуд, муҳокими гардид.
Зимни шунидани гузориши сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент гуфта шуд, ки ба асари боришот ва сел дар канали Халифа Ҳасан, ки тавассути он беш аз 3,5 ҳазор гектар заминҳои кишт ва дарахтони бисёрсола обёрӣ мешаванд, зери 20 метри соҳилро об канда, дар чанд мавзеъ маҷрои он бо қуму шағал банд гардида, сарбанд ва як қисмати канали Фарметан низ низ бо қуму шағал пур шуда, маҷрои об банд гардидааст.
Ҳамчунин сел ба таҷрибан 80 гектар кишти шолӣ, картошка, ҷувормакка ва дигар зироати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии ҳудуди ҷамоати деҳот зиён расонидааст.
Ба шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳр дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтори марбута зиёни офати табиӣ дақиқ ба ҳисоб гирифта, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон бо ҷалби техникаю таҷҳизоти худӣ ва корхонаи муштараки “Зарафшон” дар кӯтоҳтарин фурсат маҷро ва сарбанди ин каналҳо тоза карда, ба он об баста шавад.
Ҳоло дар ин ду иншооти муҳими обёрӣ корҳои бартараф кардани оқибати офати табиӣ оғоз гардидааст.
