Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТИРАМОҲ - ФАСЛИ ҲОСИЛҒУНДОРИЮ КИШТ
single-product

ТИРАМОҲ - ФАСЛИ ҲОСИЛҒУНДОРИЮ КИШТ

2023-09-13 18:21:33

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати мамлакат аст, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад ва бо дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дирӯз раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар Ҷамоати деҳоти Чинор бо рафти ҷамъоварии ҳосили пиёз дар замини саҳмияи деҳқони собиқадор Қаҳрамон Тилабов шинос шуд. Ӯ ҳанӯз моҳи феврал дар 25 ҳисса замини саҳмияи аҳли оилааш тухми пиёзи навъи итолиёвӣ кишта буд ва ҳоло ҳамсояҳоро ба ҳашари ҷамъоварии ҳосил даъват кардааст. Ҳосили он аз 15 тонна бештар пешбинӣ мешавад. Соли гузашта аз ин замин ҳосили фаровони картошкаи барвақтӣ рӯёнида, баъди ҷамъоварии он сабзавот кишта буд.
Имсол заминро барои кишти картошкаи барвақтӣ омода мекунад. Бо ин мақсад ба миқдори зарурӣ нурии маҳаллӣ низ захира намудааст.
Чунин муносибат ба замин дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм, ки он ҷо чун кишти дуюм картошка шинонидаанд ва хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Нишонов, “Ҳаёти нав” ва “Камар” ҳангоми боздид ба мушоҳида нарасид. Ба роҳбарони ин хоҷагиҳо ҷиҳати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, оғози кишти тирамоҳӣ дастур дода шуд.

single