
БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ КАСБОМӮЗӢ
2025-06-02 10:28:57
Дар оғози ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ба ҳозирин оид ба баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар пойтахти мамлакат бо иштироки беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд доир гардид,маълумот дода шуд.
Баъдан, зимни шунидани гузориши сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр оид ба рафти иҷрои “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” гуфта шуд, ки аз оғози татбиқи барномаи мазкур дар маҷмӯъ беш аз 4120 нафар бо роҳҳои гуногун ба касбомӯзӣ фаро гирифта, дар бахши муассисаи давлатии “ Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” барои ин ҳама шароитҳо муҳайё буда, ҳамчунин дар ин давра 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шудааст.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута ҷиҳати санҷиши иҷрои барномаи мазкур, ба касбомӯзӣ бештар ҷалб намудани шахсони бешуғл тибқи талаботи бозори меҳнат тадбирҳои амалӣ андешад.
Дар идомаи ҷаласаи назорати зимни баррасии пешниҳоди мақомоти прокуратура оид ба ҳолати риояи қонунгузорӣ дар бораи замин таваҷҷӯҳи раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, ҷамоатҳои деҳот ва дигар заминистифодабарандагон ба риояи қатъии қонунҳо, истифодаи босамари замин, пешгирии ҳолатҳои риоя нашудани қонунҳо дар истифодаи замин ҷалб карда, онҳо муваззаф карда шуданд, ки кишти картошка ва дигар зироатро зери назорати қатъӣ қарор дода, ба саҳеҳияти маълумотҳои омори кишоварзӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин рафти сохтмони як қатор иншооотҳо дар доираи нақшаи омодагӣ ба 35- солагии истиқлоли давлатӣ баррасӣ карда, масъулон барои назорати ҷиддӣ ба сифати корҳо, дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани сохтмон, ободу зебо ва тоза намудани заминҳои шафати роҳҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.