
АЁДАТИ КӮДАКОН ДАР БЕМОРХОНА
2025-06-01 17:38:15
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода кӯдаконеро, ки дар беморхонаи кӯдакони шаҳр табобат мегиранд, аёдат намуд ва онҳоро бо ин рӯз табрик гуфт.
Дар сӯҳбат бо волидони онҳо ва кормандони беморхона аз ҷумла гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат бо дастури Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо ҳамаи чораҳоро меандешад ва ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳанӯз аз давраи ҳомиладорӣ зери назорати табибон қарор гирифта, масъулияти давлат, ҷомеа, мактаб ва волидон дар таълиму тарбияи кӯдаконро қонун муайян намудааст.
Таъкид шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр ҳоло бунёди бинои нави беморхонаи кӯдакон оғоз шуда, дар мӯҳлати муайяншуда он бо сифати хуб ва шароити мусоид барои табобати атфол сохта мешавад.
Ба кӯдаконе, ки дар беморхона табобат мегиранд, тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда, кормандони бемористон муваззаф карда шуданд, ки табобати онҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Дар ин боздид бо рафти бунёди бинои нави беморхонаи кӯдакон шинос шуда, ба сохтмончиён барои бо сифати хуб ба ҷо овардани корҳои бинокорӣ дастур дода шуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва маъмурияти беморхонаи марказӣ ду нафар кӯдак маъюбе, ки дар хона табобат мегиранд ва кӯдаконе, ки дар шӯъбаҳои беморхонаи марказии шаҳр ба табобат фаро гирифта шудаанд, аёдат карда, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.