Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

КӮДАКИ МАН ШОД ЗӢ, ОЗОД ЗӢ

2025-06-01 17:36:56

Дар кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки доираи васеъи тарбиягирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр, мураббияҳо ва волидони онҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ботантана таҷлил карда шуд.
Дар оғози ҳамоиш кӯдакон чун анъана дар рӯи асфалт расм кашиданд ва кӯдакистонҳо ҳунари тарбиягирандагонашонро ба намоиш гузоштанд.
Ба ҳозирин паёми табрикии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода ироа намуд.
Дар он, аз ҷумла, таъкид шудааст, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ғамхорӣ ба кӯдакон, муҳайё намудани шароити мусоиду созгор барои тарбияю таълими онҳо ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст ва маҳз ба ҳамин хотир бо дастури Сарвари давлат барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳар маҳали аҳолинишин тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр низ барои ба тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, беҳдошти шароити таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо чораҳо андешида, волидонро барои тарбияи дурусти фарзандонашон, иҷрои муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд” вомедорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ тарбиягирандагони кӯдакистонҳо барои ҳамсолонашон ва ҳозирин барномаи ҷолиби рақсу суруд пешкаш намуданд, ки инъикосгари кӯдакии хушбахтона дар паноҳи ғамхории давлат, ҷомеа ва волидон буд.