
ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
2025-06-01 17:34:59
Ҳамдиёрони арҷманд! Кӯдакони азизи диёр!
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла кишвари азизи мо, санаи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмимлалии ҳифзи кӯдакон ба хотири ба ғамхории бештар фаро гирифтани насли ояндасози ҷомеа қайд карда мешавад
Ин рӯзи муборакро ба кулли кӯдакони хушбахти диёр, волидони онҳо ва ҳамаи мо аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр самимона муборакбод гуфта, барояшон осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, ғамхорӣ ба кӯдакон, барои таълиму тарбияи онҳо фароҳам овардани шароити мусоид, таъмини кӯдакии хушбахтона барои онҳо, ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани насли наврас дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷойгоҳи хосаро доро аст ва дар даврони истиқлол дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Барҳақ,кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як хонавода ва ҷомеаву давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори падару модарон мебошанд ва Ҳукумати мамлакат барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо ҳамаи чораҳоро меандешад ва ҳифзи саломатии модару кӯдак зери назорати табибон қарор гирифта, масъулияти давлат, ҷомеа, мактаб ва волидон дар таълиму тарбияи кӯдаконро қонун муайян намудааст.
Ҳукумати мамлакат дар навбати аввал кӯдакони ятиму бепарастор, эҳтиёҷманду имконияташон маҳдуд ва фарзандони оилаҳои камбизоатро ба ғамхории пайваста фаро гирифтааст ва мулоқотҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳар сафари кориашон ба манотиқи мамлакат бо чунин табақаи кӯдакон ба ин далел аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент низ дар заминаи ин сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати кишвар барои ба ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ ҷиҳати беҳдошти омӯзишу парвариши кӯдакон ва насли наврас корҳои судмандро ба анҷом мерасонад. Таваҷҷӯҳи хоса ба бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳар ҷамоати деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин, ба ин кор ҷалб намудани сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ин тадбирҳо аст.
Ин кор зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад ва ғамхорӣ ба кӯдакон, муҳайё намудани шароити созгор барои тарбияи онҳо минбаъд низ дар меҳвари фаъолияи мо қарор хоҳад гирифт.
Бори дигар фарзандони дӯстрӯякро бо ин рӯз самимона табрику таҳният гуфта, тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, барояшон кӯдакии хушбахтонаро дар паноҳи ғамхории давлату ҷомеа ва волидон орзу мекунам.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!