Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ БОҒИ ГЕЛОС, ФЕРМАИ ЧОРВОДОРӢ ВА ПАРВАРИШИ КАРТОШКА.
single-product

БОЗДИД АЗ БОҒИ ГЕЛОС, ФЕРМАИ ЧОРВОДОРӢ ВА ПАРВАРИШИ КАРТОШКА.

2025-05-31 08:36:06

Соҳибкор ва кишоварз Абдусалом Воҳидов ҳоло ҳамарӯза ҳосили боғи гелосашро ба бозор мебарорад ва он харидорони зиёд ҳам дорад. Баъди чанде ҳосили лиму низ дар гармхонаи оилавии ӯ пухта мерасад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо фаъолияти ин соҳибкор шинос шуда, барои васеъ намудани боғи гелос ва парвариши лиму дар гармхона масдиҳат дод.
Дар ин сафар ҳамчунин аз рафти кишт ва парвариши картошка ва дигар зироат дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳот дидан намуда, дастур дода шуд, ки кишти картошка идома дода шавад. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳоло дар 247 гектар картошка шинонида, майдони онро то анҷоми мавсими кишт ба 535 гектар мерасонанд.
Зимни боздиди фермаи чорводории соҳибкор Фирӯз Ҷумъаев, ки дар он 50 сар чорвои калони гӯштӣ парвариш карда мешавад, барои зиёд намудани саршумори чорво, дастрас кардани чорвои хушзоти зудрас дастуру тавсия дода шуд.