
САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХАЛИФА ҲАСАН ВА ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО.
2025-05-31 08:34:40
Дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бунёди иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот дар маросими ба истифода додани як қатор иншоот иштирок намуда, ба ин иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода шуд.
Аз ҷумла, зимни ифтитоҳи мағозаи фурӯши маводи кимиёӣ барои соҳаи кишоварзии соҳибкор Самад Соҳибназаров бо номи "Сомон - агро" гуфта шуд, ки бо ташкили он барои кишоварзон дастрас намудани маводи кимиёии барои рустанипарварӣ зарурӣ, аз ҷумла, нурӣ, заҳрҳои кимиёии мубориза бо ҳашароти зиёновар ва касалиҳои зироату боғу ток беҳтар мегардад.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории соҳибкор Абдусаттор Руҳулов, рафти корҳои ободонии оромгоҳи деҳаи Сӯфиён дидан намуда, пули мошингузар аз болои канали Фарметан, чоҳи амудӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 200 хоҷагии сокинони ин деҳа аз тариқи ҳашар бунёд намудаанд, нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ ифтитоҳ карда шуд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иқдоми соҳибкоронро ҷиҳати бунёди иншооти гуногун ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.