Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ҶУДО КАРДА ШУД
single-product

БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ҶУДО КАРДА ШУД

2025-05-29 16:14:44

Таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳсҳо оид ба замин аз масъалаҳои умдаест, ки дар рӯзҳои қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва дар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба миён гузошта мешавад.
Бо мақсади расидагӣ ба ин арзу муроҷиатҳо ва таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо қарорҳои раиси шаҳр аз 29 майи соли 2025, таҳти рақамҳои 251,252,253,254,255,156 ва 257 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 сентябри соли 2010, № 441,суратмаҷлиси комиссияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ба 6 , Моғиён-12, Ёрӣ – 14, Амондара – 6, Хурмӣ- 10, Косатарош- 9, Фароб-3, дар маҷмӯъ ба 60 оилаи эҳтиёҷманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Тибқи қарорҳои мазкур шаҳрвандон баъди гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии ҷудошуда бояд ба сохтмони манзил шурӯъ намоянд.