
МАВОДИ НАШЪАОВАР- ХАТАР БАРОИ ҶОМЕА
2025-05-29 14:37:47
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар ба хотири тақвияти мубориза бо ин хатар барои ҷомеа қайд карда мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни табрики кормандони шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ин рӯз, таъкид намуд, ки 26 сол боз кормандони ин ниҳод дар сафи пеши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва коҳиш додани таъсири харобиовари он ба аҳли ҷомеа қарор доранд ва дар ин ҷабҳа ба дастовардҳои назаррас низ ноил шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар мубориза бо нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ, ки вабои аср унвон шудааст, бояд бо аҳли ҷомеа ҳамкории густарда ба роҳ монда шавад.
Ба кормандони шуъбаи минтақавии Агентӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
