
БОЗДИД БО РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
2025-05-28 12:41:24
Рафти иҷрои нақшаи бунёди иншооти таъиноти гуногун ва ободкориҳо ба муносибати 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо рафти бунёди бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 боздид намуд.
Бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа бунёд мешавад ва ҳоло корҳои бинокорӣ дар қабати дуюми он оғоз шудааст.
Бо бунёди бинои иловагӣ, ки барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар таълимгоҳ ҳал хоҳад шуд.
Дар ин сафари корӣ раиси шаҳр ҳамчунин дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо рафти сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳот ва беморхонаи минтақавӣ барои 100 ҷой шинос гардид ва барои тезонидани корҳо дастур дода шуд.