Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СӮҶИНА
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СӮҶИНА

2025-05-28 11:24:17

Дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ аз рафти бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт, ки бо сармоягузории соҳибкор Фариз Камолов бунёд мешавад, дидан намуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло бунёди сехи истеҳсоли шифер дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои насб ва ашёи хом низ дастрас карда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур барои истеҳсоли 5 ҳазор дона шифер дар як шабонарӯз пешбинӣ шудааст.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин бо рафти ороиши маркази хидматрасонии соҳибкор Машраб Эгамбердиев ва таҷдиди собиқ бинои маъмурӣ барои кӯдакистони дорои 200 ҷой аз ҷониби соҳибкор Алиҷон Маҷамов шинос шуда, ба масъулини ҷамоати деҳот ва соҳибкорон барои бо тарҳи зебо ба тартиб овардани саҳну атрофи биноҳо ва дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо дастур дода шуд.