Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ПИЛЛАСУПОРӢ ОҒОЗ ШУД

2025-05-27 17:34:19

Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент тибқи нақша 680 қуттӣ тухми кирмакро ба парвариш гузошта, аз он истеҳсол намудани 25,8 тонна ашёи хоми саноатиро ба нақша гирифтаанд.
Имрӯз дар шаҳр нахустин шуда, кирмакпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Тайлонови Ҷамоати деҳоти Саразм дар ҳузури раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба супоридани ҳосили дастранҷашон шурӯъ намуданд.
Онҳо парвариши 38 қуттӣ тухми кирмакро ба ӯҳда гирифта, дар рӯзи аввал ба нуқтаи қабул беш аз 600 килограмм пиллаи хушсифат супориданд.
Дар ин рӯз ҳамчунин кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Хуросон”-и Ҷамоати Ёрӣ низ ба супоридани пилла оғоз карданд.
Гуфта шуд, ки имсол ба кирмакпарварон дар рӯзи супоридани ҳосил барои ҳар килограмм пилла 20 сомонӣ пардохт карда мешавад.