
НЕРУҲОИ САРҲАДӢ- СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
2025-05-27 17:13:37
Имрӯз дар қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъсисаш 31 сол пур мешавад, бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо,намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо, волидони сарбозон ҷамъомади тантанавии идона баргузор шуд.
Дар оғози ҷамъомад ба иштирокчиёни ид намунаи яроқу таҷҳизот ва техникаи ҳарбӣ намоиш дода шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни табрики афсарону сарбозони қисми низомӣ бо Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид намуд, ки он зодаи истиқлол буда, масъули ҳифзи рукни муҳим ва муқаддаси давлати мустақил, марз ва таъмини амниятро бар уҳда доранд. Дар замони мушкилтарин, дар баробари Артиши миллӣ, ниҳоди хосае барои муҳофизати марз таъсис дода шуд, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистоданд.
Гуфта шуд, ки сарбозону афсарон дар вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон моҳияту масъулияти ватандорӣ, истиқлол, соҳибихтиёриро дарк менамоянд ва хуб мефаҳманд, ки модару Ватан ягонаанд ва ҳифзи озодӣ ва марзу буми он рисолати муқаддаси онҳо маҳсуб мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо қисми низомии сарҳадбонон, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ робитаи ҳамарӯза дорад ва барои беҳдошти шароити хидмати афсаору аскарон фаъолона мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҷамъомад наваскарони қисми ҳарбӣ дар ҳузури ҳозирин барои садоқат ба Ватан ва Президент,содиқона ба ҷо овардани рисолати касбиашон савганд ёд карданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо нишон додани машқҳои низомӣ, ба як қатор афсарон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо тақдим намудани сипосномаю тӯҳфаҳои идона, нишони “Аълочии Қушунҳои сарҳадӣ”, гузашти низомии ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ва барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр анҷом ёфт.
Дар қисми ҳарбӣ корҳои зиёди ободонӣ анҷом дода, барои афсарону сарбозон ҳама шароити оинномавӣ муҳайё карда шудааст ва имрӯз барои ҳайати шахсӣ дастархони идона низ густурда шуд.