Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ - ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ
single-product

ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ - ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ

2023-09-13 18:14:38

Таҳкими қобилияти мудофиавии давлат, ба хидмати ҳарбӣ омода намудани ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин ҷода бо роҳнамоии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Парҷакент корҳои зиёде ба ҷо оварда мешавад.
Ба ин хотир дар оғози маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода воқеаҳои муҳими ҳаёти сиёсии мамлакатро шарҳ дода, масъалаи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора гузориши муовини раиси шаҳр Эркин Хушвахтзода шунида, пешниҳоди прокурори шаҳр оид ба натиҷаҳои даъвати баҳорӣ муҳкима карда, ба аъзоёни комиссияи даъват, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, дигар ташкилоту муассисаҳои марбута барои дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дастур дода шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ ҳамчунин гузориши муовинони раиси шаҳр Хусрав Дӯстбойзода ва Санъат Торҳирзода дар бораи рафти барномаи бунёди иншоотҳо ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои соли 2024 шунида, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои бинокорӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати иҷрои нақшаҳои пешбинишуда дар ин самтҳо вазифадор карда шуданд.
Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгоҳи раиси шаҳрро ба тибқи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷалб намуда, масъалаҳое, ки дар маҷлиси ояндаи назоратӣ баррасӣ мешаванд, муайян намуд.

single