Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ
single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ

2025-05-26 09:33:14

Ҳамасола санаи 25 май дар мамлакат Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат дар Агентии минтақавии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҷамъомад баргузор шуд.
Зимни табрикоти кормандони Агентӣ аз ҷумла гуфта шуд, ки нақши онҳо чун як ниҳоди муҳими давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, таъмини риояи меъёри ягонаи кору хидматрсонӣ, назорат дар соҳаи савдо, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон баланд аст ва онҳо ин рисолати касбии бояд бо камоли масъулият ба ҷо оранд.
Дар интиҳои ҷамъомад ба як гурӯҳ кормандони фаъоли Агентӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.