
ДАР БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ МАЙДОЧАИ ФУТБОЛ ИФТИТОҲ ШУД
2025-05-26 08:52:46
Дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи таҷдиди он, ки ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳия шудааст, майдончаи футбол мариди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ин иқдоми соҳибкор Алишер Бозоров баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфта шуд, ки ин 74-умин майдончаи бозии футбол аст, ки ҳоло дӯстдорони ин намуди варзиши оммавӣ дар он бозӣ ва тамрин мекунанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон корҳои ободонию азнавсозӣ бо тарҳи нав оғоз шуда, атрофи Кӯли ҷавонон, ки дар канори боғ воқеъ аст, роҳравҳо бо қуми маҳин пӯшида, барои истироҳат ва шиноварӣ омода карда шудааст ва корҳо дар ин самт идома дорад.
Мутобиқи лоиҳаи ангоравӣ дар боғ бунёди манораи бузург фаввораҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, қаҳвахонаю майдонҳои бозӣ, айвонҳои мунаққаш барои нишаст, амфитеатр, роҳравҳои чароғон, майдон ва лавҳаи ёдгорӣ ба хотири иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон бо тарҳи нав ва ғайра пешбинӣ шуда, онҳо батадриҷ сохта мешаванд.
Майдочаи бозии футбол, ки дар даромадгоҳи боғ бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, яке аз ин иншоот мебошад.