
ДАР ДЕҲАИ БОҒЧА ПОЙГОҲИ ОБКАШӢ БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАД
2025-05-22 13:31:02
Дар ин бора зимни сафари кории раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг иттилоъ дода шуд.
Тавре гуфта шуд, киштаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди деҳа, ки беш аз сад гектарро ташкил медиҳанд, аз норасоии оби полезӣ танқисӣ мекашанд ва собиқа инро пойгоҳи обкашӣ , ки дар канори деҳа, дар соҳили дарёи Зарафшон бунёд шуда, ҳоло аз байн рафтааст, ҷуброн менамуд. Сокинони деҳа кӯшиши тавассути канал аз дарёи Зарафшон гирифтани обро ҳам кардаанд, вале он бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Дар ҷараёни боздид аз мавзеъи собиқ пойгоҳи обкашӣ бо намояндаи ҶСК “Корезлоиҳа”-и Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ ва роҳбарияти идораи давлатии беҳдошт замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон масъалаи бо тарҳ ва иқтидори нав барқарор намудани пойгоҳи обкашӣ матраҳ карда шуд.
Гуфта шуд, ки бо барқарор намудани ин пойгоҳ таъминоти даҳҳо гектар заминҳои кишт ва боғ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки дар шафати деҳаи Боғча воқеъ аст, низ бо оби полезӣ беҳтар мегардад.