
БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР БОҒЧА ВА ХУШДАРА
2025-05-22 11:12:05
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар деҳаҳои Боғча ва Хушдараи Ҷамоати деҳоти Шинг сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
Зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Шинг раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти сохтмони биноҳои нави нави мактабҳо шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Боғча ба ҷои бинои собиқи таълимгоҳи № 113, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт аз ҷониби пудратчӣ - бинокорони ширкати сохтмонии СУ-3, бинои хуштарҳи замонавӣ бунёд шуда, ҳоло бунёди толори варзишӣ ва ба тартиб овардани атрофи он идома дорад. Он барои фарогирии беш аз 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар сохтмони бинои нави бахши ин муассисаи таълимӣ дар деҳаи навбунёди Хушдара, ки аз 12 синфхона иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бинокорони ин ширкати сохтмонӣ ба бардоштани деворҳо машғул буданд.Гуфта шуд, ки барои идомаи сохтмон ҳамаи масолеҳи зарурии бинокорӣ муҳайё буда, кор ҳамарӯза бомаром идома дорад.
Мустаҳкам намудани пойгоҳи соҳаи маориф, бунёди биноҳои нави мактабҳо дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, ҳоло дар шаҳри Панҷакент 9 бинои нави таълимгоҳ ва160 синфхонаи иловагӣ дорои 4238 ҷойи нишаст бунёд карда мешавад.