Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ШИНОСОӢ БО РАФТИ НАСБИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИРИ МАРКАЗИ ТИББӢ.
single-product

ШИНОСОӢ БО РАФТИ НАСБИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИРИ МАРКАЗИ ТИББӢ.

2025-05-21 07:53:56

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, саҳмгузории соҳибкорони бурунмарзӣ ва сокинон ба деҳаи Хӯҷағариби Ҷамоати деҳоти Амондара ба масофаи беш аз ду километр хати оби нӯшокӣ кашида мешавад.
Тавре дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти васлу насби хати оби нӯшокӣ, иттилоъ дода шуд, бо ин мақсад дар соҳили дарёи Зарафшон чоҳи амудӣ канда, аз он ҷо тавассути лӯлаҳо ба ҳавзи болопӯшида об оварда, пасон дар навбати дуюм то ба деҳа бурда мешавад.
То ҳоло аз тариқи ҳашар ва ҷалби мутахассисон чоҳҳои амудӣ омода карда, хати барқ кашида, то ҳавзи аввал лӯла хобонида шуда, барои иҷрои ин корҳо беш аз як миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Дар деҳаи Равот бошад дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъмири асосӣ ва таъдиди маркази саломатии деҳа идома дорад ва ҳоло бинокорон ба корҳои пардозгарӣ машғуланд.
Маркази саломатӣ аз даҳ ҳуҷраи қабулу муоина ва табобат иборат буда, тибқи лоиҳа бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида, дувоздаҳ нафар кормандони тиб ба табобати сокинони Равот ва деҳаҳои атроф машғул мешаванд.