Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ МЕОЯМ БОЗ
single-product

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ МЕОЯМ БОЗ

2025-05-20 16:13:46

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Аз баъди ҳазор сол ёдам бикунанд,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
Ин ва дигар байтҳои Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва байналмилалии “Нилуфар”, устоди зинндаёд Лоиқ Шералӣ ин субҳ дар пояи муҷассамаи ӯ, саҳн ва саҳнаи Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент борҳо аз забони дӯстдорону мухлисони ашъори нобаш садо доданд.
Ин ҷо ба муносибати 84-умин зодрӯзи шоир маҳфили адабию фарҳангӣ бо иштироки доираи васеъи дӯстдорони каломи бадеъ ва ашъори ин шоири ширинкалом баргузор шуд.
Баъди маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоир дар толори Кохи Лоиқ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро ба ифтихори зодрӯзи шоир ба ҳозирин муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ қироат намуд ва писарбузурги устод Лоиқ Шералӣ Диловар барои бузургдошт ва арҷгузорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳамдиёрон барои гиромидошти хотираи шоир изҳори сипос намуд.
Аз ҷумла, ёдрас шуд, ки ин кохи мӯҳташам, ки номи Лоиқро дорад ва муҷассамаи шоир бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ шуда буд ва ҳамасола ба ифтихори зодрӯзи шоир ин ҷо маҳфили бузургдошт ва ёдкарди ӯ баргузор мешавад.
Дар идомаи маҳфил ҳозирин аз қироати ашъори шоир, ҳунарнамоии Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Орзугул Хӯҷамова, овозхони ҷавон, дастпарвари Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, шодравон Давлатманд Холов- Лоиқ Холов ва санъаткорони шаҳр, ки бар матни ашъори устод Лоиқ суруданд, лаззат бурданд.
Имсол низ ба ифтихори зодрӯзи шоир чун анъана дар муассисаҳои таълимии шаҳр озмуну маҳфилҳои Лоиқхонӣ баргузор шуданд.
Ҳамчунин ин бегоҳ дар саҳни муҷассамаи устод Лоиқ Шералӣ маҳфили шеъру суруд баргузор мешавад.